Дар хоҷагии ҷангали «Қаратоғ»-и шаҳри Турсунзода 280 сар оҳуи холдор парвариш меёбад
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати зиёд намудани саршумори оҳу дар мамлакат тадбирҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла, бо ин мақсад дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали «Қаратоғ»-и шаҳри Турсунзода корҳо барои васеъ намудани ҳудуди парваришгоҳ идома ёфта, иловатан майдони 100 гектар замин ба талабот мутобиқ гардонда шуд. Ин иттилоъ зимни нишасти матбуотии ин ниҳод дирўз, 31 январ дарёфт гардид.
Ҳамчунин хабар дода шуд, ки ҳоло дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали «Қаратоғ» дар майдони 550 га қитъаи замин зиёда аз 280 сар оҳуи холдор парвариш карда мешавад.
«Инчунин дар парваришгоҳи ноҳияи Шаҳристон аз ҷониби ширкати ҶДММ «Суғд-Таъминот» аввали моҳи декабри соли гузашта 30 сар оҳуи лан, 12 сар муфлон аз парваришгоҳи «Белый Бор»-и вилояти Минскии Ҷумҳурии Беларус оварда шуданд. Онҳо ба мавзеи зебоманзари Хурамдараи ҷангалзори ноҳияи Шаҳристон дар парваришгоҳи навташкил сар дода шуда, ба шароити иқлими минтақа мутобиқ гардонида мешаванд», -тазаккур доданд масъулин.
Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2020 барои зиёд намудани саршумори оҳу дар майдони 1154 гектар замин илова шуда, дар оянда нақша ҳаст, ки саршумори оҳуи холдор боз ҳам зиёд карда шавад.
Тибқи иттилои масъулин, оҳуи холдорро ба Тоҷикистон солҳои 70-ум аз Федератсияи Русия бо мақсади истеҳсоли доруи пантокрин ворид намуда, парвариши онро ба роҳ монда буданд.