Ба хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он чӣ қадар шаҳрванд муроҷиат намуд?

Имрӯз нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт. Зимни нишаст Вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Гулнора Ҳасанзода изҳор дошт, ки соли гузашта ба хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он 37,7 ҳазор нафар муроҷиат намуданд. Ҳангоми санҷиши муроҷиати шаҳрвандон пеш аз сафар ба Федератсияи Росия 8,2 ҳазор нафар дар рӯйхати манъшудагон дар махзани маълумоти хадамоти муҳоҷират мавҷуд буданд аз сафар баргардонда шуда, 4,3 ҳазор нафар ба касбомӯзӣ ва ба 1,1 ҳазор нафар барои таъмин шудан бо ҷои кор дар дохили ҷумҳурӣ тавсия дода шуд.

Мижгонаи Насриддин

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE