Президенти Сурия Башор Асад ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамдардӣ ва кумакҳои башардӯстона изҳори сипос намуд

18 феврал Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия Башшор Асад Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сурия Зубайдулло Зубайдзодаро ба ҳузур пазируфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот паёми таслияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бино ба заминларзаи шадид дар ин кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия тақдим гардид.

Дар навбати худ Башор Асад аз номи Ҳукумат ва мардуми Сурия ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамдардӣ ва кумакҳои башардӯстона дар чунин лаҳзаҳои душвор изҳори сипос ва миннатдории самимӣ намуд.

Ҳамзамон ҷонибҳо атрофи густариш ва аз нав тақвият додани муносибатҳои дуҷониба дар арсаҳои гуногун ва дигар мавзӯъҳои муҳимми минтақавию байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Сурия, ки дар натиҷаи заминларза зарар дидаанд, кумакҳои башардӯстона фиристода мешаванд.

Кумакҳои башардӯстона аз 50 тонна маводи зарурӣ, аз ҷумла орд, равған, биринҷ, шакар, макарон ва ҳамчунин либосу пойафзоли зимистона, рахти хоб, антисептик ва доруворӣ иборат хоҳанд буд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE