ҶОМИ ФФТ-2023. Дар даври нимниҳоӣ КМВА – «Панҷшер» ва «Регар-ТадАЗ» – «Равшан» бо ҳам бозӣ мекунанд

Дар шаҳри Ҳисор марҳилаи гурӯҳии қисми ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2023 ба охир расид ва иштирокчиёни даври нимниҳоӣ муайян карда шуданд.  Дар ин хусус дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар даври ½-ниҳоии мусобиқот 22 феврал КМВА – «Панҷшер» ва «Регар-ТадАЗ» – «Равшан» бозӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки фонди ҷоизавии Ҷоми Федератсия-2023 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиби мусобиқа бо 50 000 сомонӣ, барандаи медали нуқра бо 30 ҳазор сомонӣ ва соҳибони медалҳои биринҷӣ бо 20 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд.

Даври ½-ниҳоӣ

22 феврал (чоршанбе)

11:00 – КМВА – «Панҷшер»

14:30 – «Регар-ТадАЗ» – «Равшан»

25 феврал (шанбе)

11:00 – Бозӣ барои ҷойи сеюм

15:00 – Финал

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

  Чо

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE