Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Хоруғ сафар намуд
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 феврал Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳри Хоруғ сафар намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.
Дар ин сафар Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзодаро роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Ҳайати ҳукумат бо ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Хоруғ ва вазъи саломатии ҷароҳатбардоштагон дар беморхонаҳо шинос шуда, бо зарардидагони офати табиӣ мулоқот намуд.
Ҳадафи ин сафар расонидани кумакҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони офати табиӣ, мулоқот бо онҳо, шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони иншооти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ дар шаҳри Хоруғ ва дигар масъалаҳои муҳими рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят мебошад.