Президенти Туркия ба кори анҷомдодаи наҷотдиҳандагони Тоҷикистон баҳои баланд дод

20 феврал Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган зимни сафари корӣ ба вилояти Ҳатай бо кори ҷустуҷӯию наҷотдиҳии наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд. Дар ин хусус Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар медиҳад.

Зимни суҳбат бо наҷотдиҳандагони тоҷик Реҷеп Тайип Эрдоган ба кори онҳо баҳои баланд дода, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми халқи тоҷик барои кумаку дастгирӣ дар чунин лаҳзаи барои мардуми Туркия мушкил, ки дар паҳлуи онҳо қарор гирифта, кумаки башарӣ расониданд ва имдодгаронашон дар корҳои ҷустуҷӯиву наҷоти офатзадагон ҳисса гузоштанд, самимона изҳори сипос кард.

Президенти Туркия ҳамчунин иброз дошт, ки аз ҷараёни корҳои наҷоту ҷустуҷӯӣ ва фаъолияти наҷотдиҳандагони ватаниву хориҷӣ огоҳии комил дорад ва лаҳза ба лаҳза онро пайгирӣ мекунад.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE