Иштироки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср

23 феврали соли 2023 дар Ҷумҳурии Арабии Миср бо ибтикори Маркази фарҳангии Ас-Совӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари корпуси дипломатии муқими Миср бо ташкил намудани гӯшаи фарҳангӣ ва оростани гӯшаи таомҳои миллӣ фаъолона ширкат намуда, имконоти фарохи ҳамкории судмандро муаррифӣ кард.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE