Чемпионати Англия: Манчестер Сити ҳануз ҳам таъқиби Арсеналро идома медиҳад

Дар ниҳояти даври 29-уми мусобиқаи қаҳрамонии Англия оид ба футбол дастаҳои Тотенхему Эвертон дидорашонро бо натиҷаи мусовӣ ҷамбаст намуданд. Дар ин даври пример лига «Манчестер Сити» рақиби сарсахташ «Ливерпул» – ро бо натиҷаи бузург шикаст дод. Челси ва Манчестер Юнайтед бошад ба мағлубият дучор омаданд.

Ахиран дар доираи дидорҳои даври 29-уми мусобиқаи қаҳрамонии Англия оид ба футбол шоми гузашта дастаҳои Эвертон ва Тотенхем бо ҳам ру ба ру шуда дидорашонро бо натиҷаи мусовии 1:1 ҷамбаст намуд. Дидори ин дастаҳо дар варзишгоҳи Гудисон парк доир гашта, муалифи голҳо Ҳари Кейн аз Тотенхем ва Кин аз Эвертон гардиданд. Дастаи Тотенхем айни замон бо касби 50 имтиёз дар мақоми чорум қарор дорад. Эвертон бошад мавқеи 15-уми ҷадвалро ишғол кардааст.

Дидори марказии даври 29-уми мусобиқаи қаҳрамонии Англия оид ба футбол миёни дастаҳои Манчестер Ситиву Ливерпул сурат гирифт. Ин рақобати ҷолибу дидани дар варзишгоҳи Иттиҳод доир гардида, бо пирузии комили тими мизбон ҷамбаст гардид. Ҳарчанд нахустин шуда, футболбозони Ливерпул ба кушодани ҳисоби бозӣ даст ёфтанд, аммо дар идома шогирдони Хосеп Гвардиола ба дарвозаи Алиссон Бекер чор гол ворид карда, ғалабаи комили худро ба даст оварданд. Ягона голи тими Ливерпулро Муҳаммад Салоҳ дар дақиқаи 17-ум ба нишон расонид. Ба ин гол то анҷоми нимаи аввал мизбонон алакай ҷавоб гардониданд. Хулиан Алварес тавонист дар дақиқаи 27-ум муалифи гол шавад ва ҳисобро баробар намояд. Дар нимаи дуюми рақобат бошад вазъияти шогирдони Юрген Клопп бозам бадтар гардид. Футболбозони Манчестер Сити се маротибаи дигар дарвозаи рақибро рахна карда, ҳисобро 4:1 карданд. Кевин де Брюне, Илкай Гюндаган ва Ҷек Грилиш ба номашон ин голҳоро сатб карданд. Ҳамакнун Манчестер Сити бо камбуди ҳашт имтиёз аз садрнишини мусобиқа Арсенал мақоми дуюми ҷадвалро ишғол мекунад, вале дар ҳисобаш як рақобати таъхиршуда дорад. Ливерпул бошад бо доштани 42 имтиёз мавқеи ҳаштумро ишғол кардааст.

Садрнишини мусобиқаи қаҳрамонии Англия оид ба футбол Арсенал дар доираи даври навбатӣ бо тими Лидс ру ба ру шуда, ин даста низ бо натиҷаи 4:1 пирузӣ ба даст овард. Дидори ин дастаҳо дар варзишгоҳи Эмирейтс сурат гирифта, бо бартарии комили тими мизбон хотима ёфт. Голҳои дастаи мизбонро Габриэл Жезус бо иҷрои дубл, Дана Уайт ва Ҷака ба нишон расониданд. Ягона голи дастаи Лидсро Кристенсен вориди дарвозаи Арсенал кард. Арсена ҳамакнун шумораи имтиёзҳояшро ба 72 адад баробар карда ба роҳи қаҳрамонӣ устуворона қадам мемонад. Чанд дидори муҳим дар даврҳои оянда ба ин масъала нуқта хоҳад гузошт.

Дар доираи ин даври рақобатҳои пример лигаи Англия дастаи Манчестер Юнайтед аз Нюкасл ва Челси аз Астон Вилла ҳар ду ҳам бо натиҷаи 2:0 шикаст хурданд. Ҳамчунин дастаҳои Вест Хем бар Саутгемптон, БОрнмут бар Фулхем ва Кристал Пелас бар Лестер пируз омаданд. Дидори дастаҳои Нотингем Форест бо Вулверхемптон ва Брайтон бо Брентфорд бо натиҷаи мусовӣ ҷамбаст шуд.

Мижгонаи Насриддин,

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE