Дар Душанбе Мусобиқаи варзишӣ оид ба шашкаву шоҳмот оғоз ёфт
Дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи варзишӣ оид ба шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ оғоз гардид. Дар ин бора муовини сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ Муҳаммадтолиб Шокирзода хабар дод.
Бояд тазаккур дод, ки мусобиқаи мазкур дар арафаи таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардида, дар фарҷом ғолибону ҷоизадорони он бо медалу диплом, ҷом, туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Мусобиқаи мазкур дар заминаи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» баргузор мегардад.
Мақсад аз баргузории чунин мусобиқаҳо инкишофи ҷисмониву зеҳнии шаҳрвандон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.