Дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон кишти пунбадона оғоз ёфт

Дар шаҳру ноҳияҳои  пахтакори вилояти Хатлон кишоварзон дар баробари омодагии ҳамаҷониба ба кишти баҳории зироат, аз ҷумла   пунбадона оғоз намуданд. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар оғози маъракаи кишти пунбадона дар хоҷагии деҳқонӣ-фермерии «Зумрад-1» иштирок намуд, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.

Чун анъана маъракаи кишти пунбадона дар хоҷагии мазкур бо дуои пирони рӯзгор ва деҳқонони асил оғоз карда шуд.

Хоҷагии деҳқонӣ-фермерии «Зумрад-1»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар деҳаи Кайҳонии Ҷамоати шаҳраки Гулистон ҷойгир буда, аз соли 2010 инҷониб фаъолияти пурсамар дорад. Майдони умумии замини хоҷагӣ 24 гектарро ташкил медиҳад ва соли равон саҳмдорони хоҷагӣ азм доранд, ки дар майдони 15 гектар пунбадона кишт кунанд.

Хоҷагидорони ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамасола бо меҳнати аҳлона, истифодаи оқилонаи обу замин, дастуру тавсияҳои мутахассисони соҳа аз дони киштаашон боздеҳи хуби маҳсулоти гуногун, аз ҷумла пахта ба даст меоранд.

Тибқи иттилои оморӣ, соли равон дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар майдони 9820 гектар пунбадона кишт карда мешавад. Хоҷагидорони ҷамоати шаҳраки Гулистон имсол ният доранд, ки дар майдони 1550 гектар кишти беҳтарин навъи чигитро ба роҳ монанд. Дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ кишти пунбадона бомаром идома дорад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE