Иштирокчиёни бозии ниҳоии панҷумин мусобиқаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон муайян шуданд

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2023 ба анҷом расид. Дар гурӯҳи «А» «Хуҷанд» дар се бозӣ ҳафт имтиёз ба даст оварда, ғолиб баромад. Дар гурӯҳи «Б» бошад, дастаи «Ҳосилот»-и Фархор бо шаш имтиёз пирӯз шуд. Дар гурӯҳи «В» «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода (4 имтиёз) садрнишин гардид. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба ин тартиб, дар бозии ниҳоии Ҷоми Лига ду дастае, ки дар гурӯҳҳои худ бо натиҷаи беҳтарин ҷойи аввалро гирифтанд, вомехӯранд. Инҳо «Хуҷанд» ва «Ҳосилот» мебошанд. Финали Ҷоми ЛФТ-2023 рӯзи 15 март дар варзишгоҳи «Баҳористон-1»-и Гулистон баргузор мешавад. Бозӣ соати 14:00 оғоз мегардад.

Дар бозӣ барои ҷойи сеюм ҳамон рӯз соати 10:00 дар варзишгоҳи «Баҳористон-2» дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Эсхата» рақобат мекунанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE