Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 21 март, тахминан соати 21:47 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои маркази заминларза дар километри 268-ум аз шаҳри Душанбе дар музофоти Қундузи Афғонистон ҷойгир будааст.

Қувваи заминларза дар умқи 195 километр воқеъ буда, дар марказаш 7 балл ва дар шаҳри Душанбе 5 баллро ташкил дод.

Дар ҳамин ҳол, бархе расонаҳо маркази заминларзаро Бадахшони Афғонистон эълом карданд, ки ба 7,7 балл баробар будааст. Аммо Маркази улуми Олмон қувваи зилзиларо дар маркази он 6,6 балл гуфтааст.

Гуфта мешавад, ки заминларза дар тамоми давлатҳои Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон, Покистон ва Афғонистон эҳсос шудааст.

Тибқи баъзе ахбори дигар заминларза асосан шаҳри Исломободи Покистонро такон додааст, ки қувваи он 7,7 балл гуфта мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE