Масъалаи рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ИСЕСКО баррасӣ гардид
13 сентябри соли 2024 дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Нақши олимону донишмандони тоҷик дар рушди фарҳанг ва тамаддун исломӣ” мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ Шарифзода Фаррух бо Директори Департаменти муколама ва гуногунии фарҳангӣ, Роҳбари Дафтари сафирони ИСЕСКО Халид Фаталраҳмон Омер баргузор шуд. Дар ин хусус аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО)-ро мавриди баррасӣ қарор дода, вобаста ба имконияти таҳким бахшидан ба равобити дуҷониба ибрози назар карданд.