Байни Агентии содироти Тоҷикистон ва ширкати Каян группи Арабистони Саудӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

10 апрел байни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Каян группи Арабистони Саудӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Тавре  Агентии содирот хабар доданд, намояндагони ширкати мазкур бо сафари корӣ аз 6 апрел дар Тоҷикистон қарор доранд.

Зимни вохӯрии Директори Агентии содирот ва Роҳбари ширкати Каян группи Арабистони Саудӣ ва ҳайати расмӣ, ки 6 апрел баргузор гардид, масъалаҳои муҳими таҳкими ҳамкорӣ дар самти ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ва таъмини интиқоли кафолатнокии минбаъдаи он байни ҷонибҳо мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ҳамзамон Агентии содирот ҳайати меҳмонони Арабистони Саудиро дар давраи сафарашон ҳамроҳӣ карда, вохӯриашонро бо намояндагони бахшҳои хусусии вилояти Хатлон оид ба имконияти истеҳсолии хоҷагиҳо, анборхонаҳо, сардхонаҳо ва маҳсулоти кишоварзии ин минтақа ташкил намуд. Дар ҷараёни вохӯриҳо ҷониби Арабистони Саудӣ ҷиҳати дар мавсими дахлдор харидорӣ намудани асал, лимӯ, сир, обҳои нӯшокӣ ва сангҳои қиматбаҳо ҳавасмандӣ зоҳир намуд.

Дар натиҷа байни Агентии содирот ва ширкати Каян группи Арабистони Саудӣ Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Ҳадаф аз баргузории вохӯриҳо иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мусоидат ба рушди содироти молу маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи мамлакат ва баланд бардоштани нуфузи ҷумҳурӣ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE