Бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2023 дар Ҳисор доир мешавад
Бо қарори Бюрои Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон макони баргузории бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб аз Хуҷанд ба Ҳисор иваз карда шуд. Дар ин хусус Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
«Сабаби кӯчонидани бозӣ барои Суперҷоми мамлакат омода набудани чамани варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» мебошад», — таъкид намуданд дар Федератсия.
Варзишгоҳи марказии Ҳисор макони нави баргузории бозӣ интихоб шуд.
Бозӣ байни бошгоҳҳои «Истиқлол»-и пойтахт ва «Равшан»-и Кӯлоб 6 май, соати 18:00 оғоз мегардад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон