Имрӯз дастаи «Регар-ТадАЗ» бо «Ҳосилот», «Эсхата» бо «Равшан» ва «Хатлон» бо «Кӯктош» рақобат мекунанд

Имрӯз бозиҳои даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз шуда, то 26 апрел идома меёбад. Дар ин давр дастаҳои футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор, «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ ва «Истиқлол»- и шаҳри Душанбе бо КМВА-и шаҳри Душанбе рақобат мекунанд.

Аз ин пештар 15-16 апрел бозиҳои даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд баргузор гардида буд. Дар ин давр дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ байни ҳам рақобати ҷолиб нишон доданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардида, бо ҳисоби 2 бар 0 ба нафъи мизбонон анҷом ёфт. Голҳоро дар ҳайати дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Алишер Ҷалилов ва Манучеҳр Ҷалилов ба нишон расониданд. Алишер Ҷалилов аз ҳайати дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе беҳтарин бозингари вохӯрӣ дониста шуд.

Қобили тазаккур аст, ки дар ҷадвали мусобиқа дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо касби 10 имтиёз садрнишин аст. Дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо доштани 9 имтиёз дар зинаи дуюм аст. Дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бе имтиёз дар зинаи охири ҷадвали мусобиқа ҷой гирифтааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE