АФҒОНИСТОН: РОВИИ ТЕЛЕВИЗИОН ДАР НАТИҶАИ ҲАМЛАИ СИЛОҲБАДАСТОН КУШТА ШУД!
Шабакаи телевизионии “Тolonews” дар такя ба сухангӯйи волии Нангарҳор иттилоъ дод, ки имрӯз рӯзноманигор Малолай Майванд, вақте ба сӯи идораи корхонааш мерафт, аз сӯи силоҳбадастон кушта шуд.
Оятуллоҳ Хугиёнӣ, сухангӯи волии Нангарҳор, изҳор намуд, ки Малолай Майванд, ровии шабакаи хусусии радио ва телевизиони ин вилоят, имрӯз дар як ҳамлаи мусаллаҳона дар Ҷалолобод бо ронандааш кушта шудааст.
Хугиёнӣ илова намуд, ки ин ҳодиса тақрибан соати 7:10 – и субҳи имрӯз дар минтақаи «Гулоии Арабон» – и ноҳияи сеюми Ҷалолобод рух дод. Дар ин вақт бо оғози рӯзи корӣ рӯзноманигор Майванд ба сӯи дафтари кориаш равон буд.
Гуфта мешавад, ки ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла «Толибон», то ҳол масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Давоми моҳи охир ин сеюмин рӯзноманигори кушташуда дар ин кишвар аст.
Мирсаид САТТОРИЁН,
“Садои Душанбе”