СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӯРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ ИШТИРОКДОРИ ИДМ ИШИРОК НАМУД!
Санаи 10 декабр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, ширкат варзид. Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷараёни мулоқот вазирон оид ба самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳод табодули афкор карданд. Бо дназардошти ҳамагирии коронавируси нав роҳбарони ҳайатҳо ба масъалаҳои густариши ҳамкории бисёрҷониба дар чаҳорчӯби ИДМ дар заминаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, инчунин дар соҳаи амният таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронии худ таъкид намуд, ки буҳрони кунунӣ боиси коҳиш ёфтани суръати тиҷорати дохиливу хориҷӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ шуда, ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва нақлиёт таъсир расонид ва амнияти озуқавории кишварҳои иштирокдори ИДМ – ро зери хатар гузошт.
Дар ин робита, аҳамияти андешидани чораҳои зарурӣ барои вокуниши муносиби муштарак ба чолишҳо ва таҳдидҳои пайдошуда таъкид гардид.
Бо дарназардошти Пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2021 эълон шудани шаҳри Душанбе, Сироҷиддин Муҳриддин иттилоъ дод, ки пас аз беҳбуди вазъи беҳдоштию эпидемиологӣ, Тоҷикистон ният дорад соли оянда як идда чорабиниҳоро бо иштироки кормандони соҳаи фарҳанг ва ҳунар баргузор намояд.
Дар натиҷаи ҷаласаи вазирон 12 қарор ба имзо расид.