Тоҷикистон ва Ҳиндустон рушди муносибатҳои мутақобилан судманди гуногунҷанбаро баррасӣ намуданд

 5 май дар шаҳри Панаҷи (Ҳиндустон) дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон Сироҷиддин Муҳриддин ва Субраҳманиям Ҷайшанкар доир гардид. Дар ин хусус дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои мутақобилан судманди гуногунҷанба байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкории ду давлат дар ҳамаи самтҳо, хусусан дар мавриди ҷонноксозии фаъолияти абзори ҳамкорӣ, аз қабили машваратҳои сиёсӣ ва консулӣ, Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ, инчунин дигар қолабҳои ҳамдастӣ дар бахшҳои амният, энергетика, саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ ва маориф таъйид намуданд.

Зимни гуфтушунид ҳамчунин табодули афкор оид ба масоили минтақавӣ ва шарикӣ дар чаҳорчӯби қолабҳои бисёрҷониба анҷом дода шуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE