Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ноиби президенти Бонки сармоягузории Аврупо Тереза Червинская мулоқот намуд

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон бо ноиби президенти Бонки сармоягузории Аврупо Тереза Червинская мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад. 

Дар  доираи вохӯрӣ имконоти сармоягузории Бонки сармоягузории Аврупо ба иқтисоди Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкорӣ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт.

Оид ба иқдомҳои ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати васеъ намудани имконият барои истеҳсоли неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда баҳри равнақ додани ҳамкорӣ  изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Дар доираи Форуми иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, технологияи нав, энергетика ва ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE