Намояндаи мақомоти сайёҳӣ дар Барномаи омӯзишии CAREC Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Имрӯз дар шаҳри Батумии Гурҷистон давраи омӯзишӣ барои кормандони соҳаи сайёҳӣ, ки 15 май оғоз ёфта буд, ба анҷом расид. Дар он аз Тоҷикистон мудири бахши кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Салимзода иштирок  намуд, хабар медиҳад Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Давраи омӯзишӣ дар заминаи тарҳи табодули дониш барои пешбурди ҳамкории минтақавӣ ва ҳамгироӣ барои рушди долони иқтисодӣ дар минтақаи Барномаи ҳамкории иқтисодии  минтақавиии Осиёи Марказӣ /CAREC/  созмон дода шуда, дар он намояндагони  дигар давлатҳои аъзои CAREC иштирок доштанд.

Дар Тоҷикистон барои ба таври пурра роҳандозӣ намудани тамоми иқтидор, неруи кадрӣ, донишҳои назариявию амалӣ, дар маҷмуъ омода намудани кадрҳои болаёқати соҳаи сайёҳӣ ва дар ин замина рақобатпазир будан дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Сафари намояндаи сохтори сайёҳии мамлакат ба Гурҷистон, шиносоӣ бо фарҳанг, расму оини мардуми Гурҷистон  шароит фароҳам меорад, то мутахассисони соҳа малакаи корӣ ва ҷаҳонбиниашонро васеъ намоянд.

Бояд гуфт, ки саноати сайёҳии замони муосир яке аз соҳаҳои рушдёбанда ва сердаромади иқтисоди ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад. Дар ин  самт омода намудани мутахассисони ихтисосманди соҳа ва васеъ намудани арзҳои меҳмоннавозӣ, саҳмгузорӣ дар беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ барои муаррифии Тоҷикистон ҳамчун давлати сайёҳӣ нақши муҳим мебозад.

    АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE