БОЗДИДИ ВАКИЛОНИ ПАРЛУМОНИ КИШВАРҲОИ АВРУПОИ ҒАРБӢ ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ АЗ ДАФТАРИ «ҲАМКОРИИ БОЗДОШТИ СИЛ ДАР ТОҶИКИСТОН»

Нимаи дуюми рӯзи 17 май дар даромадгоҳи бинои дафтари кории Ҳамкорони пешгирии сил (ҲБСТ) навои карнаю сурнай танинандоз шуд, ки як қатор вакилон, роҳбарони муассисаҳои зиддисилӣ, ташкилотҳои байналхалқиву ҷамъиятӣ ва рӯзноманигорони кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ бо нону намак ва меҳмоннавозии тоҷикона аз ҷониби ҳайати кормандон истиқбол гардиданд.

Зимни боздид меҳмонони олиқадр бо фаъолиятҳои ҲБСТ дар самти пешгирӣ, дарёфт, табобату дастгирӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳинокии аҳолӣ дар бораи сил шинос шуданд.  

Ҳамзамон меҳмонон бо сафирони пешгирии сил, шахсиятҳои маҳбубу маъруфи кишвар, аъзои дастаи “Қаҳрамонони мо: НЕСТ БОД СИЛ”-и ҲБСТ Нозия Кароматулло, Муқимҷон Абдуфаттоев, Олиҳаи Муҳаббат, Ҳабиб Ҳакимов ва Абдураҳим Набиев (Бобои Мерган) суҳбати самимӣ сурат гирифт.

Меҳмонон имкон пайдо карданд, ки бо усулҳои навоваронаи ташхис, табобат, ғамхорӣ ва маълумотнокӣ дар самти сил шинос шаванд:
дастгоҳи рентгении сайёр бо зеҳни сунъӣ;
 барномаи OneImpact Тоҷикистон (мониторинги ҷамъиятӣ);
 барномаи I LIKE VST (видео-табобати сил);
 модели парасторӣ бо ҷалби иттиҳодияҳои динӣ;
 таҳияву нашри маводҳои аудиоӣ, тасвирӣ ва видеоӣ дар қолабҳои муосир бо иштироки шахсиятҳои машҳури миллӣ.

Пас аз боздид меҳмонони олиқадр аз ҷониби шахси саховатпеша Дониёрхӯҷа Фозилов, узви дастаи “Қаҳрамонони мо: НЕСТ БОД СИЛ”-и ҲБСТ ба “Як пиёла чой” даъват гардиданд, ки он бо ҳазлҳои намакини сафирони пешгирии сил, ҳунарпешагони маҳбуб Муқимҷон Абдуфаттоев, Абдураҳим Набиев (Бобои Мерган), Далер Раҳмонзода ва риояи суннату унсурҳои меҳмоннавозии миллӣ рангину хотирмон шуд.

Ин боздид дар ҳошияи Саммити Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ доир ба бемории сил, форуми ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма, ки аз 16-18 майи соли 2023 дар Душанбе ҷараён дошт, баргузор гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE