Ҷиҳати таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба беморони гирифтори саратон дар Душанбе ҳамоиш баргузор гардид

Ҷиҳати таҳлил ва баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба беморони гирифтори саратон дар мамлакат дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.Дар он роҳбарони муассисаҳои тиббию табобатӣ, мутахассисони соҳа ва ҳамзамон ба тариқи онлайн роҳбарони муассисаҳои соҳавии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.Гуфта шуд, ки дар ин самт давоми соли 2023 дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.Ворид намудани усулҳои нави табобати бемориҳои саратон яке аз самтҳои афзалиятноки соҳа ба шумор рафта, бо мақсади ворид намудани технологияҳои муосир дар ташхиси патоморфологӣ ва иммуногистохимиёвӣ бо ширкати DB Biotech (Словакия) моҳи апрели соли 2023 дар ин марказ ташхисгоҳи иммуногистохимикӣ ба кор шуруъ намуд. Дар натиҷа дар даҳҳо бемори гирифтори саратони ғадуди ширӣ бо истифодаи 4 «антитела» ташхиси иммуногистохимикӣ (ИГХ) гузаронида шуд.Ҳамзамон дар ин давра марказ дар самти ташхис ба навгониҳо, аз ҷумла ворид намудани онкомаркари НЕ-4 дар бемориҳои онкогинекологӣ, ворид намудани усули рангубор кардани ташхисҳои стологӣ бо усули Нохта (Эозин, Азур 2, буфери фосфатӣ), биопсия омосҳои миёнадевор таҳти назорати компютери томографӣ, ворид намудани барномаи иловагии томографияи компютерӣ барои пайваст намудани буриши аксҳо дар системаи верификатсионӣ бо нақшгирии 3D дар омосҳои бадсифати бофтаҳои мулоим, инчунин дар самти табобат низ ба якчанд навгонӣ ноил гардид.Инчунин дар давраи ҳисоботӣ дар шуъбаи уропроктологияи марказ дастгоҳи нави систоскопия эндовидеоӣ дастрас ва ҷарроҳиҳои беморони гирифтори саратони масона ва уретра бо намуди трансуретралӣ (ТУР) амалӣ шуд.Дар ҷаласа якчанд масъалаву мушкилоти ҷойдоштаи соҳа мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE