Маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2023 баргузор шуд

23 май дар шаҳри Душанбе маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2023 оид ба футбола баргузор шуд. Дар ин хусус дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

 Дар марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон 13 дастаи Лигаи якум иштирок мекунад. Дар натиҷаи қуръакашӣ шаш ҷуфт  муайян шуд: «Истаравшан» – «Душанбе», «Шодмон» – «Парвоз», «Сарҳадчӣ» – «Моҳир», «Гулистон» – «Барқчӣ», «Ҳулбук» – «Панҷшер» ва «Саройкамар» – «Ориён». Ғолиби ҷуфти «Саройкамар» – «Ориён» дар даври дуюми марҳилаи муқаддамотӣ бо «Равшан»-и Зафаробод вомехӯрад.

Бозиҳои марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2023 аз як бозӣ иборат буда, 31 май ва 1 июн баргузор мешаванд. Ғолибон ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ меёбанд, ки онҷо бошгоҳҳои Лигаи олии Тоҷикистон ба мубориза ҳамроҳ мегарданд.

Бояд гуфт, ки барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2023 ҳуқуқи муаррифии давлати моро дар Ҷоми КФО-2024/2025 ба даст меорад. Агар як бошгоҳ ҳам чемпиони Тоҷикистон ва ҳам соҳиби Ҷоми мамлакат шавад, пас барандаи медали нуқраи Лигаи олии Тоҷикистон ба Ҷоми КФО роҳ меёбад.

Ҷоми Тоҷикистон-2023

Марҳилаи муқаддамотӣ

31 май – 1 июн (чоршанбе, панҷшанбе)

«Истаравшан» – «Душанбе»

«Шодмон» – «Парвоз»

«Сарҳадчӣ» – «Моҳир»

«Гулистон» – «Барқчӣ»

«Ҳулбук» – «Панҷшер»

«Саройкамар» – «Ориён»

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE