ВМКБ: Сангрезӣ роҳи Рӯшон-Бартангро муваққатан баст

25 январ дар деҳаи Савноби Ҷамоати деҳоти Савноби ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сангрезӣ ба қайд гирифта шуд. Бо талоши кормандон ва техникаи махсуси Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома дошта, роҳи мошингарди Рӯшон-Бартанг муваққатан баста шудааст. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мавриди зикр аст, ки бориши шадид дар манотиқи кӯҳистони кишвар ва рӯзҳои охир гарм шудани ҳаво хатари лағзиши тарма ва резиши сангро бештар кардааст. Вазъ дар шоҳроҳҳои Душанбе-Рашт-Лахш, Душанбе-Варзоб-Хуҷанд, Кӯлоб-Дарвоз-Ванҷ-Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб хатарнок боқӣ мемонад.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки ҳангоми сафар дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд. Муваққатан ба минтақаҳои тармахез барои чорвочаронӣ, шикор, ҷамъоварии ҳезум ва ғунучини гиёҳҳои шифобахш нараванд. Рафтан ба соҳили дарёҳову кӯлҳо ва обанборҳо низ барои моҳидорӣ чандон бехатар нест.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE