Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани аз НБО «Роғун» боздид намуд
Дар доираи сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Антонелла Бассани аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» боздид намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни боздид оид ба ҷараёни корҳо ва ҳашамати ин лоиҳаи муҳими иншооти гидроэнергетикии дорои аҳамияти стратегию иқтисодӣ суҳбату мулоқот анҷом дода шуд.
Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ аз рафти корҳо дар иншооти асосии неругоҳ, аз ҷумла дар нақби сохтмонии қабати чорум, сарбанд, баромадгоҳҳои нақбҳои сохтмонии 3 ва 4, минтақаи обқабулкунаки доимӣ, ки дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст, толори мошинҳо ва ғайра аз наздик шинос гардид.
Антонелла Бассани пас аз шиносоӣ ба сифати корҳо ва азми қавии бунёдгузорони неругоҳ баҳои баланд дод.
Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол корҳои бунёдӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки таҳти таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, бо маром идома дошта, васлу насби таҷҳизоти муҳими гидроэнергетикӣ, ҷараёни корҳои омодасозии мавзеи агрегатҳо, бинои трансформаторҳо ва дигар нуқтаҳои сохтмонӣ тибқи ҷадвалӣ корӣ амалӣ карда мешавад.
Таъкид гардид, ки дар сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» корҳои сангу шағалрезӣ, аз ҷумла устуворсозӣ бо услуби хос татбиқ шуда, дар асоси марҳилаи навбатӣ дигар тадбирҳои устуворсозӣ дар атрофи мавзеи сохтмон аз ҷониби мутахассисони касбӣ амалӣ мегарданд.
АКС: Неругоҳи барқи обии «Роғун»