Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт
Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Саттор Турсун дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин хусус Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар медиҳад.
Саттор Турсун 15 феврали соли 1946 таваллуд шуда, соли 1970 бахши арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Нависанда фаъолияти худро аз маҷаллаи маъруфи «Садои Шарқ» оғоз намуда, муддати 20 сол дар вазифаҳои мудири шуъбаи очерк ва публитcистика, мудири шуъбаи наср, муовини сардабир, иҷрокунундаи вазифаи сардабири ҳамин маҷалла кор кардааст.
Мавсуф солҳои 1990-1991 мудири шуъбаи идеологии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд.
Номбурда солҳои 1994-1997 ба ҳайси сардабири маҷаллаи адабии русии «Памир» ифои вазифа намуда, чанд соли дигар сардабирии нашрияи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон «Баҳори Аҷам»-ро ба уҳда дошт.
Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994), Нависандаи халқии Тоҷикистон (соли 1998), Барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.
Саттор Турсун узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи миллии «Садои Шарқ» буд.
Аввалин ҳикояҳои худро даврони донишҷӯӣ навиштааст. Нахустин китобаш ҳам бо номи «Дили гарм» дар дувумин соли кораш дар «Садои Шарқ» рӯйи чопро дид. Дар як муддати кӯтоҳ аз ҳикоя ба повесту роман гузашт ва ин навиштаҳо яке паси дигар рӯйи чоп медиданд.
Нависанда миёни хонандагонаш бо повесту роман ва қиссаҳои «Сукути қуллаҳо», «Камони Рустам», «Пайванд», «Ситораи корвонкуш», «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд», «Зиндагӣ дар домани талҳои сурх», «Барф ҳам мегузарад», «Падар», «Се рӯзи як баҳор», «Думбура», «Пайғамбарзот», «Дувоздаҳ ҳикоя» (барои бачаҳои синни калони мактабӣ), «Дарахти ҳазорсола», «Санг дар бағал ба тӯфон», «Чорбанди домангир» маъруф аст.
Повесту роман ва ҳикояҳои ӯ ба беш аз 20 забони халқҳои дунё тарҷумаву нашр шудааст. Худи ӯ низ дар тарҷумаи асарҳои адибони шинохтае чун Лев Толстой, Ҷек Лондон, Андрей Упит, Грант Матевосян саҳм гузоштааст. Асарҳои алоҳидаи В. Телпугов, И. Друтсе, А. Беляев, М. Левин, С. Хонзодян, М. Муродалиев, Э. Аъзамов ва дигар суханварони русу шӯравӣ, ҳикояҳои ҷудогонаи Ш. Андерсен, А. Ғаллоб ва Ӯ. Камолро ба тоҷикӣ гардондааст.
Соли 1982 Киностудияи «Тоҷикфилм» дар заминаи асари ў «Камони Рустам» филми ҳунарии «Айёми туманҳои тобистон»-ро ба навор гирифт.
АКС: Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон