ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӣ РАҲМОН КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ХАЛТАҲОИ ПОЛИПРОПИЛЕНИИ ҶДММ «ҒАЮР-ПАК»-РО МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӣ ҚАРОР ДОДАНД
Имрӯз – 16 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғаюр-Пак”-ро, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Акбар Ғуломов бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Зимни боздид ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки корхонаи мазкур дар асоси технологияи муосири соҳавии ширкатҳои пешқадами ҷаҳонӣ фаъолият менамояд. Таҷҳизоти корхона аз ширкати пешгоми Олмону Австрия “Старлингер анд Ко ҷиэмбиэйч” харидорӣ гардида, дар Осиёи Марказӣ феълан ягона ба ҳисоб меравад.
Коргоҳи “Ғаюр-Пак” имконият дорад, ки дар як сол 50 миллион дона халтаи полипропиленӣ истеҳсол карда, бо сифати баланд пешниҳоди харидорон намояд. Халтаҳои истеҳсолнамудаи ширкат яккарата буда, истифодаи онҳо ҳам барои муҳит безарар ва ҳам барои истифода мувофиқ аст.
Иттилоъ дода шуд, ки пас аз курсҳои бозомӯзӣ дар Корхонаи “Ғаюр-Pack” 140 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд.
Бояд зикр кард, ки гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” дар се корхона солона 2,5 миллион тонна семент истеҳсол менамояд. Вобаста ба ин, ба халтаҳои полипропиленӣ талаботи зиёд дорад. Аз ин рӯ, 80 фоизи халтаҳои истеҳсолгардидаи корхона барои қонеъсозии талаботи худи ширкат истифода мегардад ва 20 фоизи дигар ба коргоҳу корхонаҳои ватанӣ ва содирот ба дигар кишварҳо пешниҳод хоҳад шуд. То имрӯз ин номгӯи маҳсулот аз беруни мамлакат ворид карда мешуд ва халтаҳои полипропилении корхонаи нави “Ғаюр-Pack” ҳамчун маҳсулоти ивазкунандаи воридот дар бозорҳои мамлакат рақобат намуда, вобастагии соҳаро аз маҳсулоти воридотӣ ба тарзи назаррас коҳиш хоҳанд дод.
Насби технологияи насли нав имкон медиҳад, ки корхона бе партов фаъолият намуда, боқимондаи ашёи коркардшуда ба дигар корхонаҳои саноатӣ барои истеҳсоли номгӯи нави маҳсулоти саноатӣ равона карда шавад. Ғайр аз халтаҳо барои семент ҳамчунин “Ғаюр-Pack” тибқи фармоиш имкони тавлиди халтаҳои полипропилении орд, дигар номгӯи маҳсулоти ғизоӣ ва маҳсулоти кимиёвӣ дорад. Тамоми марҳилаҳои истеҳсолии халтаҳои полипропиленӣ, шурӯъ аз коркарди ашёи хом то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва рангу ороиши он дар худи корхонаи навтаъсис роҳандозӣ гардидааст.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғаюр-Pack” дар ҳудуди аввалин Парки технологияҳои инноватсионии шаҳри Душанбе бунёд гардида, дар он истеҳсоли маҳсулот аз рӯйи стандартҳои байналмилалӣ роҳандозӣ гардидааст. Ҳамчунин корхонаи нав дорои лабараторияи санҷиши сифат мебошад, ки танҳо пас аз баҳогузории мутахассисон маҳсулоти он барои истифода пешниҳод мегардад. Озмоишгоҳи мазкур бо дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон, ки имкони васеи санҷиши ҳамаҷонибаи сифати маҳсулоти ниҳоиро дорад, муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Ифтитоҳи корхонаи мазкур идомаи тадбирҳо дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат буда, бунёди корхонаҳои нав имкон медиҳад, ки вобастагии кишвар аз маҳсулоти воридотӣ коҳиш дода шавад. Дар ин баробар, Тоҷикистон ба кишвари содиркунандаи молу маҳсулоти ниҳоии саноатӣ табдил ёфта, ҳамзамон иқтисодиёти мамлакат рушд хоҳад кард.
Президенти мамлакат зимни боздид ба фаъолияти истеҳсолии корхона ва иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, ба онҳо ҷиҳати назорати сифат ва тавлиди маҳсулоти рақобатпазир дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
www.president.tj