«ЧАРОҒИ ДИЛ» – КИТОБИ ТОЗАНАШРИ САБЗААЛӢ АСОЗОДА
Китоби нави олим ва журналисти шинохта, корманди Радиои Тоҷикистон Сабзаалӣ Асозода таҳти унвони «Чароғи дил» аз чоп баромад. Дар ин китоб очерку лавҳа ва эссеҳои муаллиф, ки дар чанд соли охир таълиф шудаанд, гирд оварда шудааст.
Ин китоб, ба қавли муаллифаш, «ба устодон ва омӯзгорони ростин» бахшида шуда, дар он кору пайкори чеҳраҳои илму маориф аз қабили Абдуҳамид Ҷалилов, Мансур Бобохонов, Талбак Назаров, Асламшоҳ Раҳматуллоев, Худойназар Асозода, Маъруф Исмоматов, Абдусаттор Мухторов, Маҳмадюсуф Имомзода, Юсуфшоҳи Ёқубшоҳ ва дигарон васф шудааст. Ба китоб нависандаи маъруф Шаҳобиддини Ҳақназар пешгуфтор навишта, дуруст хулоса мекунад, ки ««Чароғи дил»-ро метавон як донишнома дар бораи олимону омӯзгорон ва муаллимон гуфт».
Китоби «Чароғи дил» дар Матбааи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бо теъдоди 500 нусха нашр шудааст.
Зоириён Бахтиёр
«Садои Душанбе»