Имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагон созишнома ва якчанд лоиҳаи қонунҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он созишнома ва якчанд лоиҳаи қонунҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин хусус котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Вакилони парлумон Созишномаи мустақим байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Азнавсозии системаи эронавигатсионӣ», лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи назорати маъмурӣ нисбат ба шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда», «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ», «Дар бораи таъмини ченаки ягона», лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомнома «Дар бораи тартиби додани рутбаҳои дараҷавӣ ба кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар иҷлосия таъкид гардид, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри иҷрои дастуру вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баён гардидаанд», таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади идома бахшидани ислоҳот дар самти танзими соҳаи низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ, ҳамзамон барои ба роҳ мондани расмиёти ягонаи коргузорӣ дар тамоми мақомоти иҷозатдиҳанда ва иҷозатномадиҳанда ҷиҳати дар доираи як санади мукаммал танзим намудани муносибатҳои қайдгардида, дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» аз 17 майи соли 2004, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» аз 2 августи соли 2011 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи амал ва фаъолияти соҳибкорӣлоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»-ро дар таҳрири нав бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ, инчунин давлатҳои Узбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Русия ва Олмон таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» аз 6 боб ва 47 модда иборат буда, тамоми амал ва фаъолиятиҳои дар асоси иҷозатнома ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ амалишаванда, инчунин масъалаҳои алоқаманд ба додани ҳуҷҷатҳои хусусиятҳои иҷозатдиҳидошта ба фаъолият, амал ва мол (маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ) дар доираи як қонун мукаммал, минбаъд танзим мегардад.

Инчунин, тибқи лоиҳа шаффоф ва ошкор намудани тамоми ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта барои амал, фаъолият ва мол (маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ) барои субъектҳои соҳибкорӣ равон гардидааст. Мақсади дигари лоиҳа ин амалӣ намудани муносибатҳои соҳибкорӣ аз рўйи принсипҳои ягона расмиёт, муҳлати номаҳдуди ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта ба фаъолият (ба истиснои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ) ва пардохти муайян барои дастрас намудани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта мебошад.

Ҳамзамон, бо мақсади шаффоф ва мукаммал муайян намудани номгўйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва фаъолиятҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта, дар лоиҳаи Қонуни мазкур Феҳристи ягонаи давлатии иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳиномаҳои гирифташаванда пешбинӣ гардидааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 ҚонуниҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.

Ёдовар мешавем, ки масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони Маҷлиси намояндагон муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Темурҷон Абдулваҳобзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Рустам Раҳматзода, Саидҷаъфар Усмонзода, Комрон Исмоилиён, Мавлудахон Мирзозода, Толибхон Азимзода, Неъматулло Холбойзода муаррифӣ намуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE