Натиҷагирии даври якуми омӯзишӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ
Даври якуми омӯзишӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ барои хизматчиёни ҳарбӣ, ки аз аввали моҳи январ то охири моҳи майи соли ҷорӣ дар ҷузъу томи Артиши миллӣ ва навъҳои қӯшуни он ба таври назариявӣ ва ҳам амалан ҷараён дошт, имрӯзҳо аз ҷониби ҳайати роҳбариву фармондеҳӣ ҷамъбасту натиҷагирӣ карда мешавад.
Тавре Вазорати мудофиа хабар медиҳад, ҷиҳати амалӣ намудани нақшаҳои тайёрии ҷангӣ ҳамарӯза бо ҷалби хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногун дар пойгоҳи қисму воҳидҳои низомӣ ва машқгоҳҳои таълимии ҳудуди гарнизонҳои ҷумҳурӣ машғулиятҳои амалии тирпарронӣ аз силоҳҳои оташфишони ҷангӣ ва машқҳои амалиётӣ-тактикӣ дар ҳайати гурӯҳӣ, взводу ротаҳо, баталионҳо ва бо ҷалби дигар навъи ҷузъу том муташаккилона идома дорад.
Афсарони масъули бахшу соҳаҳои мухталифи Қувваҳои Мусаллаҳ, донишу таҷрибаи худро ба таври амалӣ бо роҳи ширкат дар ҷамъомадҳои методӣ-таълимии соҳавӣ, ки аз ҷониби масъулини шӯъбаву раёсатҳои дахлдори Дастгоҳи марказии вазорат ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ марҳила ба марҳила ташкилу гузаронида мешавад, такмилу тақвият мебахшанд.
Қобили қайд аст, ки афсарони Дастгоҳи марказии вазорат, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои олии касбии мамлакат низ дар давраи омӯзишӣ ва ҷамъбасти он пайваста ба машғулиятҳои амалии тирпарронӣ аз навъҳои мухталифи техникаву аслиҳаҳои ҷангӣ ҷалб мегарданд.
Машқҳои амалии тактикии онҳо дар машқгоҳи саҳроии “Фахробод”-и гарнизони Хатлон ташкилу ба роҳ монда шуда, афсарони ҷалбгардида ба он бо истифода аз навъҳои мухталифи аслиҳаҳои оташфишони сабуки ҷангӣ, мошинҳои махсуси низомӣ ва техникаҳои вазнину зиреҳпӯши ҳарбӣ тирпарронии ҷангӣ доир менамоянд, ки албатта мақсад аз он такмилу тақвият бахшидани донишу таҷриба, амалӣ намудани нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва тайёрии ҳамаҷониба доштан дар пешгирии ҳамагуна таҳдиду хатарҳои эҳтимолии замони муосир мебошад.
Варзиш ва тайёрии ҷисмонӣ, ки яке аз самтҳои афзалиятноки тайёрии ҷангӣ ба ҳисоб меравад, ки дар ин замина масъулини Клуби марказии варзишии артиши Вазорати мудофиа низ дар баробари ташкилу баргузории чорабиниву машғулиятҳои гуногуни варзишӣ, инчунин пайваста аз хизматчиёни ҳарбӣ санҷиши тайёрии ҷисмонӣ қабул менамоянд. Айни ҳол тибқи нақша, қабули санҷишҳо, баҳри ҷамбасту натиҷагирӣ аз даври навбатии омӯзишӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ аз намудҳои варзиш идома дорад, ки ба он хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногун ҷалб карда мешаванд.