МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ТАМРИНҲОИ НАВБАТИРО ДАР ТОШКАНД ДОИР НАМУД

Ҷамъомади тамринии тими миллии Тоҷикистон дар Тошканд идома дорад. Даста таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ба Ҷоми Миллатҳои Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ, ки аз 11 то 20 июн баргузор мешавад, омодагӣ мегирад. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Бояд гуфт, ки дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Туркманистон (11 июн), Уммон (14 июн) ва Ӯзбекистон (17 июн) бозӣ мекунад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE