ВАҲДАТ ҲАНОНОВ ВА МЕҲРУБОН КАРИМОВ БА ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ҲАМРОҲ ШУДАНД
Ҷамъомади тамринии тими миллии Тоҷикистон дар Тошканд ба нуқтаи ниҳоӣ наздик мешавад. То бозии якуми дастаҳо дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ чор рӯзи дигар боқӣ мондааст. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳимоятгарон Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон) ва Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон) имрӯз дар Тошканд ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон пайвастанд. Ҳоло сармураббии тими миллӣ Петр Сегрт дар ихтиёри худ 23 бозигар дорад. Ҳайати пурраи даста рӯзи 9 июн ҷамъ мешавад.
Дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Туркманистон (11 июн), Уммон (14 июн) ва Ӯзбекистон (17 июн) бозӣ мекунад. Рақобатҳо дар шаҳри Тошканд баргузор мешаванд.