Рафтани пур сару садои Килиан Мбаппе аз ПСЖ
Бо анҷом ёфтани мавсими навбатии футбол дар лигаҳои Аврупоӣ ҳамакнун мавсими хариду фуруши бозингарон шуруъ мешавад. Дар равзанаи нави трансферӣ мавзуи асосӣ рафтани ҳамлагари дастаи ПСЖ Килиан Мбаппе, пас аз тарки ин даста кардани Месси гаштааст. Ахиран бо расонаӣ шудани ин хабар роҳбарияти дастаи парижӣ низ изҳор доштаанд, ки омодаанд бо ин футболбоз хайрухуш кунанд.
Килиан Мбаппе ба тарки ҳайати ПСЖ наздик мешавад. Дар ин бора худи футболбоз ба роҳбарияти дастаи парижӣ бо ирсоли номае муроҷиат кардааст. Аммо то ҳол санаи дақиқи рафтани ӯ аз даста маълум нест. Аён аст, ки худи бозигар мехоҳад, ки ҳарчи зудтар интиқол ёбад, аммо дар Париж шартномаи яксола дорад. Рӯзи душанбе Килиан ба роҳбарияти ПСЖ нома фиристода, таъкид кардааст, ки бешубҳа шартномаашро барои мавсими 2024/25 тамдид намекунад. Масъулини ПСЖ бошад намехоҳад Мбапперо пас аз ба итмом расидани шартнома ройгон аз даст диҳанд. Барои ин футболбоз дастаи парижӣ маблағи калон ба даст овардан мехоҳад. Аммо як нозукӣ ин аст, ки парижихо нияти ба Реал Мадрид додани Килианро надоранд. Чунин ба назар мерасад, ки Мбаппе мехоҳад ба Реал Мадрид бипайвандад, аммо то ҳол вай инкор мекунад, ки омода ин тобистон интиқолро анҷом диҳад. Дар робита, тибқи иттилои L’Équipe, хабари ПСЖ барои Лига 1 дар маҷмӯъ хеле нигаронкунанда аст – он метавонад пули зиёдеро аз даст диҳад. Гуфта мешавад, ки чемпионат бидуни Мбаппе ва Лионел Месси дигар он қадар ҷолиб нахоҳад буд. Лига метарсад, ки рафтани ситораҳои Париж ба коҳиши назарраси нархҳо оварда мерасонад. Рузноманигори маъруф Фабрицио Романо иддао дорад, ки роҳбарони ПСЖ аз он чизе, ки рӯй дода истодааст, комилан розӣ нестанд. Хусусан президент Носир ал-Хелайфй аз Мбаппе ноумед шудааст. Дар ҳамин ҳол New York Times иттилоъ додааст, ки хабари рафтани Мбаппе раҳбарони клубро ба ҳайрат овардааст. Хусусан вақте ки журналистони фаронсави дар бораи мактуб пеш аз омадани ҳуҷҷат ба клуб хабар ёфтанд. Рӯзномаи The Times навиштааст, ки «Челси» ва «Манчестер Юнайтед» аллакай дар байни онҳое, ки ба Килиан таваҷҷӯҳ доранд, худро нишон доданд. Зимнан барои нигоҳ доштани Мбаппе дар дастаи ПСЖ Президент Макрон мубориза хоҳад бурд. Зеро Макрон бо Мбаппе дустии хуб дорад ва ба гуфтаи худи президенти Фаронса ӯ кушиш хоҳад кард, то ба боқӣ мондани Мбаппе дар даста ноил шавад.
Мижгонаи Насриддин,
Садои Душанбе