Баҳром Гадоев: роҳи варзиш роҳи осон нест
Баҳром Гадоев варзишгари бомаҳорату рӯйинтан буда, дар намудҳои варзиши тэквандо – ИТФ ва кик – боксинг қувваозмоӣ мекунад. Заҳматдӯстию пурсабри ӯро дар ин ҷодаи заҳматталаб то андозае комёб гардонд. Дар тӯли солҳои тамринаш унвони Устоди варзиши байналмилалиро аз риштаи тэквандо – ИТФ соҳиб гаштааст, ки ин унвон орзуи ҳар як варзишгар аст.
Тақрибан 16 сол кабл орзуҳои кӯдакӣ Баҳромро ба тамрингоҳ овард. Ҳамон орузуҳое, ки дар дили қаҳрамони 8 – солаи мо ҷӯш мезаданду ӯро беқарор мекарданд. Ҳамин шавқу рағбати варзишгариро дар қалби орзупарвари Баҳром, пеш аз ҳама, падар пайхас намуд ва ӯро ба толори варзишии тэквандо бурд ва худ ҳамроҳаш то замони унс гирифтан бо ҳамтоён ва мураббӣ тамрин мекард.
Ин беҳтарин дастгирӣ барои Баҳром аз ҷониби падар буд. Модар, чун дорои синаи раҳм аст, аз он ки писараш ба чунин як намуди вазнини варзиш машғул шуданист, изҳори норозигӣ мекард. Падар бо исрор изҳор медошт, ки машқу тамрин барои писарашон чун боду ҳаво лозим аст. Агар хоҳад, ки писарашон ҳаёти солим ва ҷуссаи азим дошта бошаду иродаи қавӣ, бояд ба варзиш машғул шавад, чунки варзиш ба солимии инсон бетаъсир нахоҳад монд. Модар низ оҳиста – оҳиста ба тақдир тан дод ва дар сабқатҳо бо дуои нек гуселаш мекард. Дар сурати муваффақ шудани Баҳром сараш ба осмон мерасид.
Баҳром тамоми ҳастиашро ба варзиш бахшид ва тамринҳои мутассилро ихтиёр намуд. Чӣ дар хона ва чӣ дар толор ҳамеша ба машқу тамрин машғул мешуд. Ба хурдтарин нозукӣ ва усулҳои тэквандо аҳамият медод, чун медонист, ки бо аз бар намудани камтарин нозукӣ соҳиби майдон хоҳад гашт. “рақиб аз хурдтарин иштибоҳи ту истифода бурда, лаҷоми ғолибиятро ба даст мегирад”, – мегӯяд қаҳрамони мо.
Ақл бар гӯши танаш ҳамвораву батакрор мегуфт, ки ҳушёр бояд буд, ба нерӯи ақл такя мебояд кард, далер бошад, чун ин майдон макони шахсони тарсу нест. Чунки ҷасорату матонат хусусиятҳое мебошанд, ки бояд дар инсон тарбия ёбанд. Ҳамин маъниҳо ӯро водор месохт, ки дучанд заҳмат кашад, танашро омодаи зарба ва руҳашро қавӣ намояд. Бо ҳамин роҳ ӯ тайёрии ҳамаҷониба барои ширкат дар сабқат медид.
Барои дар як мусобиқа ширкат намудан чӣ заҳматҳои зиёде мебояд кашиду донаҳои зиёди арақи ҷабин рехт. Танҳо шахси матинирода дар чунин ҳолатҳо сабрро пеша менамояд ва аз миёни монеаҳо роҳи комёбиро ҷустуҷӯ намуда, ба ҳеҷ мушкилӣ нигоҳ накарда, онро тай месозад.
Ӯ бо меҳнатҳои зиёд роҳхат ба мусобиқаи аввалини худ гирифт, ки дар он баъди талошҳои зиёд зинаи дуюмро ба даст овард ва медали нуқраро овезони гардану зебандаи пеши бар кард. Ҳамин гуна пай дар пай дар сабқатҳо ширкат менамуд ва ҷойҳои ифтихориро ба даст меовард. Ӯ дар намуди варзиши кик – боксинг низ маҳорати худро санҷидан хост ва тамринро дар ин ришта оғоз намуд. Дар кик – боксинг низ муваффакиятҳо дарашро ҳамеша ба рӯи ӯ боз мекарданд. Инчунин, Баҳром узви дастаи мунтахаби тэквандо ва кикбоксинги ҶТ мебошад.
Акнун ӯ ба 24 қадам монда, як ҷавони таҳамтану паҳлавони рӯйинтан гаштааст ва 16 соли умри худро беҳуда ба бод надода, онро сарфи ба балндиҳои баланд бардоштани парчами кишвари хеш намудааст.
Аввалин маротиба Баҳром соли 2007 шарафи кишварро дар давлати ҳамсояи мо – Қирғизистон ҳимоя кард. Соли 2014 дар “Ҷоми Осиё” миёни наврасон унвони қаҳрамониро ба даст овард. Соли 2018 аз рӯйи намуди варзиши кик – боксинг, дар “Ҷоми Осиё” миёни калонсон зиннаи аввалро соҳиб гашт.
Тӯли ин солҳое, ки Баҳром ба тамрин машғул аст, чандин роҳи дорои шебу фароз ва пурпечутобро тай карда, борҳо маззаи нокомиро ҳам чашида, пешпохӯриҳоро бо чашми сар дидааст, афтодаасту хестааст, аз зарбаҳои сахти ҳарифон чароҳатҳо бардоштааст, аммо меҳру муҳаббат нисбат ба варзиш марҳам ба захмҳояш шуданду ҷароҳатҳояшро зуд шифо бахшиданд. Иродаи қавиаш бошад, ҳар бор баъди афтиданҳо ӯро ба по рост мекард.
Беҳтарин ҷоиза барои варзишгарони тоҷик ин Ҷоизаи Президент мебошад, ки Баҳром соли 2015 ба он мушарраф гашт. Қаҳрамони мо мегӯяд, вақте шахс як нафари муваффақро барои худ ҳамчун идеал қабул мекунад, кӯшиш менамояд, ки ба кору пайкори ӯ пайрав бошад ва ин ӯро дар зиндагӣ ҳадафманд месозад. Худи ӯ пайравӣ аз падар месозад.
Баҳром сахтгириҳои мураббиашро омили пешравиҳояш дар варзиш арзёбӣ намуд. Ӯ зикр кард, ки ҳар як варзишгар агар мураббии серталаб дошта бошад, ба ҳадафаш зудтар мерасад. Умед бар он мебандем, ки Баҳром бо даствардхои нав ба наваш дар саҳифаҳои таърихи варзиши кишвар номи худро абадан сабт хоҳад кард.
Адолат САНГИНЗОДА,
“Садои Душанбе”