Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз гармиҳои чор рӯзи оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агетии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 19 то 24-уми июни соли 2023 дар аксари ноҳияҳои мамлкат ҳавои гарму хушк боқӣ мемонад. Дар водиҳои вилояти Хатлон дамои ҳаво то 42+47 дараҷа боло хоҳад рафт, дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд 38+43 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ то ба 34+39 дараҷа хоҳад расид. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар баъзе ноҳияҳо шамол аз ҷануб ба ғарб бо суръати то 15-20 м/с хоҳад вазид, рӯзҳои 23-24 июн дар навоҳии ҷануб ва марказии ҷумҳурӣ хокбориш дар назар дошта шудааст. 

Дар ин рӯзҳо бар асари болоравии дамои ҳаво ва об шудани барфу пиряхҳо эҳтимоли баланд шудани сатҳи об дар рӯдхонаҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон вуҷуд дорад. Эҳтимоли омдани селҳо дар баъзе навоҳии кӯҳӣ низ зиёд аст.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо басо эҳтиёткор бошанд, ҷӯву каналҳо ва селроҳаҳро сари вақт тоза кунанд, то агар сел ҳам омад, ба маҷрои худ равад ва ба хонаву таҳхонаву киштзорҳо ворид нашавад.

Дар чунин рӯзҳо худдорӣ аз ҷамъоварии рустаниҳои дорувор, ҷамъоварии ҳезум, чорвочаронӣ ва шикор дар баландкӯҳҳо ба манфиат аст.  

Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро риоя кунанд, боло бурдани суръати ҳаракат ва риоя накардани масофаи миёни мошинҳо аз омилҳои ҳодисаҳои нохушанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE