ҲАБИБ НУРМАГОМЕДОВ: БА ВАРЗИШ БАРМЕГАРДАМ, АГАР …
Тибқи натиҷагирии овоздиҳии хабаргузории “BBC” варзишгари доғистонӣ Ҳабиб Нурмухаммедов баҳтарин варзишгари сол дониста шуд. Дар ин бора рӯзномаи “Комерсант” дар такя ба сомонаи хабаргузорӣ иттилоъ додааст.
Ба иттилои манба барои ба даст овардани ин мавқеъ якҷоя бо Ҳабиб боз се варзишгари машҳури дунё низ рақобат доштанд, ваое баъди ҳисоби овозҳо хабаргузорӣ Ҳабибро барандаи ин унвон эълон кард.
Гуфта мешавад, ки ин овоздиҳӣ дар сомонаи хабаргузорӣ ва шабакаҳои иҷтимоии он гузаронида шудааст. иттилоъ додааст. Миёни иштирокдорон ҳамзамон ҷаҳанда Армн Дюплантис, ки дар як ҳафта ду маротиба рекорди ҷаҳонӣ гузошт, баскетболбози амрикоӣ Леброн Джеймс ва голфбози амрикоӣ Дастин Ҷонсон низ буданд.
Ёдовар мешавем, ки Ҳабиб Нурмуҳаммадов пештар баъди ба даст овардани пирӯзӣ ба Ҷастин Гетҷи, бо 29 ғалаба ва бидуни шикаст изҳор дошта буд, ки фаъолияти касбияшро хотима медиҳад. Ин варзишгари 32 – солаи доғистонӣ дар ҳисоби худ 29 ғалаба дорад ва то охири фаъолияти касбиаш ҳеҷ нафар ӯро мағлуб карда натавонист. Охири моҳи декабри соли равон варзишгар эълон кард, ки дар сурати ба ӯ додани 100 миллион доллар метавонад дубора ба фаъолияти касбиаш баргардад.
Нурмуҳаммадов Ҳаби́б Абдулманофович 20 сентябри соли 1988 дар Доғистони Росси таваллуд шудааст. Аз кӯдакӣ зери роҳбарии падараш Абдулманон Нурмагомедов тамрин мекард. Вале имсол бар асари сактаи қалб падараш вафот кард. Худи ӯ ҳоло талош дорад, ки варзиши нави муҳорибаи омехтаро ба феҳристи Бозиҳои олимпӣ ворид намояд.
Мирсаид САТТОРИЁН,
“Садои Душанбе”