Дар Бӯстон чароғҳои равшанидиҳанда ба воситаи офтоб-гелиоколлекторҳо истеҳсол карда мешаванд

Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бо мақсади сарфаи энергияи барқӣ ва истифодаи сарчашмаҳои энергияи алтернативӣ истеҳсоли чароғҳои равшанидиҳандаи офтобӣ — гелиоколлекторҳо барои чароғонкунии кӯчаҳои шаҳр ва маҳаллаҳо дар нақша аст. Дар ин хусус Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар баробари сохтмони генераторҳои шамолӣ, истгоҳи офтобӣ, ки бо нури офтоб равшан карда мешавад, минбаъд коркарди партовҳо низ анҷом дода мешавад.

Бояд гуфт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баҳри беҳтар гардонидани шароити зисти сокинон ва ободу зебо намудани шаҳри Бӯстон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ нақшаи чорабиниҳоро барои солҳои 2022-2026, ки аз 223 банд иборат мебошад, тасдиқ намуд. Ин нақша –чорабиниҳо корҳои ободонию созандагӣ ва таъмиру барқарорсозии муассисаҳои таъиноти гуногун, аз ҷумла майдончаҳои варзишӣ, биноҳои истиқоматӣ ва амсоли инҳоро дар бар гирифтааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE