Дар нимҷазираи Балкани Сербия бар асари тӯфони маргбор се нафар ҳалокат расид
Расонаҳои маҳаллии Сербия рӯзи 22 июли соли равон хабар доданд, ки дар Сербия бар асари тӯфони маргборе, ки ҳафтаи равон Балканро фаро гирифт, се нафар ба ҳалокат расиданд. Тӯфон рӯзи ҷумъа аввал Словенияро баъдан Хорватия, Сербияу Боснияро фаро гирифт. Мақомот аз мушкилоти тақсими нерӯи барқ ва хисороти зиёд нигаронанд. Тӯфони шадид боиси шикастан ва афтидани дарахтон ба болои автомобилҳои сокинон ва хароб гардидани бомҳои хонаҳои истиқоматӣ гардид. Обуҳавошиносон аз дараҷаи сахт будани чунин як тӯфон изҳори нигаронӣ намуданд. Дар ин бора хабаргузории “Euronews” иттилоъ медиҳад.
Телевизиони расмии RTS гуфт, дар шаҳри Нови Сад дар шимоли Сербия ҷасади як навраси 12-соларо дар кӯча дар пайи тӯфон пайдо карданд. Сабабҳои марги ин наврас аз пайи кадом ҳолати туфонӣ аст, муайян нагардидааст. Дар деҳаи Ковачиса ки дар шимолу шарқи Сербия ҷойгир аст, як зан бар асари сӯхтор ҳангоми бархӯрдани барқ ба дарахти хонааш бар асари нафаскашии дуд ба ҳалокат расидааст. Полиси Сербия иттилоъ медиҳад, ки нафари сеюм дар шимолу ғарбии шаҳри Бака-Паланка пас аз канда кардани симҳои барқ, ки ба дарвозаи хонааш афтода буд, ба ҳалокат расидааст. Расонаҳои маҳаллӣ мегӯянд, ки аз ҳама бештар дар Сербия шаҳри Нови Сад осеби зиёд дидааст. Зеро бар асари тӯфон ҳатто боми толори намоишгоҳи ин шаҳр низ хароб гардидааст. Инчунин дар пайи ин ҳодиса ҳудуди 30 нафар ба кумаки тиббӣ муроҷиат кардаанд.
Дар Хорватия бошад тӯфон дар манотиқи мухталифи кишвар харобӣ ба бор овард, зеро мақомот аллакай барои назорат кардани хисороти тӯфон корҳои омӯзиширо ба роҳ мондаанд. Дар як лагери сайёҳӣ дар нимҷазираи шимолии Истрия, ки дар тобистон пур аз меҳмонони хориҷӣ ҷамъ меомаданд, чанд нафар маҷрӯҳ шуданд. Ёдовар мешавем, ки соҳили баҳри Адриатик ва ҷазираҳои Хорватия ҳар тобистон миллионҳо сайёҳро ба худ ҷалб мекунад.
Дар Словения тӯфон ба ҷангалҳои ин кишвари кӯҳистонӣ низ хисороти зиёд расонда ба обхезӣ сабаб гардидааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар пайи туфонҳои шадид то имрӯз 9 нафарро аз ҷумла чаҳор нафар дар Хорватия, 3 нафар дар Сербия, як нафар дар Словения ва дигареро дар Босния ба ҳалокат расонидааст.
Ёдовар мешавем, ки дар дигар минтақаҳои Аврупо, мавҷи гармии давомдор идома дошта, боиси сӯхтор ва ҳушдорҳои саломатии аҳолӣ гардидааст.
Султонализода Ёқубҷон
Садои Душанбе