Ташкили намоиш – фурӯши китоб дар шаҳраки донишҷӯён
Аз ҷониби корхонаву нашриётҳои гуногуни малакат баҳри тақвияти фикронии ҷавонон ва боло бурдани сатҳу савияи дониш ва ҷаҳонбинии ҳама навъи қишри ҷомеа таълифу фурӯши китоб ва асарҳои баландмазмуни адибони дохил ва хориҷи кишвар ба роҳ монда шудааст. Ин аъанаро Корхонаи давлатии таъмин ва фурӯши китоб идома дода, дар аҳни ДМТ, воқеъ дар маҳаллаи шаҳраки донишҷӯён ба муҳлати 3 рӯз намоиш – фурӯши китобро ташкил намуда, асарҳоро бо нархи дастрас ба фурӯш баровард.
Анъанаи намоиш – фурӯши китоб дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кишвар бо маром идома дорад. Китобҳое, ки аз ҷониби нашриётҳоти гуногун ба монади нашриёти “Адиб”, Корхонаи давлатии “Таъминоти китоб ва фурӯш” пешниҳоди хонандагон гардонида мешаванд, китобҳои дорои мазмуни баланд, буда, дар ҳама давр харидори худро пайдо хоҳанд намуд. Намоиш – фурӯши китобҳое, ки дар шаҳраки донишҷӯён баргузор шуд, аз сӯйи донишҷӯёну устодон ва сокинони пойтахт хуб истиқбол гардид. Чунончи, Моҳира Сафарова, сокини шаҳри Душанбе гуфт, “чандин моҳҳо мешавад, ки хостам ба фарзанди худ китоберо харидорӣ намоям, аммо то имрӯз аз ягон нуқтаи фурӯш китоби лозимаро дарёфт накардам. Ин намоиш – фурӯши китоб сабаб гардиду китоби заруриамро дарёфт намудам”.
Сонияи Абдусалим, корманди Корхонаи давлатии “Таъмин ва фурӯши китоб” дар мавриди ин намош – фурӯши иброз дошт: “чунин анъанаро мо ҳамарӯза дар ҳама қисмҳои пойтахт ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кишвар идома дода, бо ин мақсад рӯҳияи ҷавононро ба китобу китобхонӣ бедор хоҳем намуд”.
Ҳусейни Лутфулло, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бар он назар аст, ки китобҳои аз ҷониби Корхонаи давлатии “Таъмин ва фурӯши китоб” ба фурӯш бароварда шудааст, як дараҷа нисбат ба мағозаҳои фурӯши китоб арзон ва дастрас мебошанд. Номбурда мегӯяд, ки аз намоиш – фурӯши мазкур сокинон китобҳои хостаашонро бо нархи дастрас пайдо карда метавонанд. Ин нархҳо бештар ба донишҷӯён мусоид ва қулай мебошад.
Агар яке аз роҳҳои таблиғу ташвиқи китобхонӣ миёни ҷавонон роҳандозии намоиш-фурӯши китоб бошад, роҳи дигари он озмунҳои бароҳмондаи Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат мебошад. Ба таъкиди донишҷӯён, устодон ва сокинони пойтахт, ҳар қадар ин гуна намоиш – фурӯшҳо бештар ба роҳ монда шаванд, ҳамон қадар ба манфиати кор хоҳад буд, зеро ба ин васила метавон шумораи нафарони китобхонро дар ҷомеа бештар намуд.
Комрони АБДУВАЛӢ,
“Садои Душанбе”