7 медали ҷудокорони тоҷик дар Ҷоми кушоди Осиё

Аз 27 –ум то 30 –уми июл дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо миёни наврасону ҷавонон баргузор гардид. Дар мусобиқа миёни наврасон 86 варзишгар аз 4 давлат ва миёни ҷавонон 97 варзишгар аз 3 давлат ширкат карданд.    Аз ҷумла Федератсияи ҷудои Тоҷикистон миёни наврасон 33 варзишгар ва миёни ҷавонон 49 варзишгарро ба шаҳри Тошканд фиристод.    Мусобиқот тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо аз рӯи 16 вазн миёни наврасон (8 вазн – писарон, 8 вазн – духтарон) ва 14 вазн миёни ҷавонон (7 вазн – писарон, 7 вазн – духтарон) баргузор гардид.

Ҷудокорони тоҷик мусобиқаи мазкурро бо 7 медал ( 1 тилло, 6 биринҷӣ) ба анҷом расониданд. Ягона нишони тиллоро барои Тоҷикистон дар мусобиқаи номбурда Абубакр Шеров зери вазни то 73 кг ба даст овард. Аҳлия Муъминов (-52кг), Фазлиддин Садриддинзода (-66кг), Илҳомиддин Ҷабборов (-73кг), Сайфиддин Сайфиддинзода (-81кг), Умедҷон Раҷабов (-90кг) ва Ҳабибулло Ашӯров (-100кг) соҳиби нишони биринҷӣ гардиданд.

Инчунин, Парвиз Абдураҳмонов дар вазни -100кг ва Иброҳимҷон Элмуродов дар вазни +100кг ҷои панҷумро гирифтанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE