ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ ЯРМАРКАИ ФУРӮШИ ЛИБОС ВА ЛАВОЗИМОТИ МАКТАБӢ ШУРУЪ ГАРДИД

Тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 28 июли соли 2023, №414 “Дар бораи ташкил ва баргузории ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар шаҳри Душанбе” аз 1 то 31 августи соли 2023 бо мақсади дастрасии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо либос ва лавозимоти мактабӣ, бо назардошти фарорасии соли таҳсили 2023-2024 ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар ҷойҳои муайянгардида бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар ярмарка корхонаҳои тавлидӣ ва соҳибкорони ватанӣ ба меҳмонон ва мизоҷон баробари сару либос, инчунин пойафзол, ҷӯроб, лавозимоти мактабӣ ва дигар ашёҳои лозимаро, ки ба хонандагон дар ҷараёни таҳсил заруранд, пешниҳод менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки дар миқёси пойтахт иқтидори корхонаҳои дӯзандагӣ баҳри пурра таъмин намудани хонандагон бо либоси мактабӣ басанда буда, имконияти истеҳсоли либоси мактабӣ дар корхонаҳо дар давоми сол ба таври комил фароҳам оварда шудааст ва хонандагон ба пуррагӣ бо маҳсулоти воридотивазкунандаи хушсифат таъмин мегарданд. Дӯхти либоси мактабӣ аз ҷониби корхонаҳои дӯзандагӣ дар асоси талаботи Дастурамали либосҳои тавсияӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм таҳия шудааст, роҳандозӣ карда мешавад. Ин тадбир имкон фароҳам намудааст, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди пойтахт аз корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе сару либоси мактабӣ харид намоянд.
Бо иштироки масъули Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Шоҳмансур, Сино ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар заминаи ҶДММ Иттиҳодияи истеҳсолии“Нассоҷии тоҷик” ва ҶДММ “Дунёи нав АСК” намоиши либоси мактабӣ баргузор шуд. Дар кори он масъулин доир ба шароити истеҳсолот, сифати маҳсулоти ватанӣ ва андозаву арзиши либоси ягонаи мактабӣ маълумот доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE