ТИМИ ҶУДОИ ТОҶИКИСТОН ДАР “RUSSIAN JUDO TОUR Красноярск-2023” ШИРКАТ МЕКУНАД

04-07 август дар шаҳри Красноярск Федератсияи Россия мусобиқаи навбатӣ оид ба ҷудо дар доираи “Russian judo tоur” баргузор мешавад, ки дар он варзишгарони тоҷик ширкат мекунанд. Дар ин бора аз Федератсияи ҷудои кишвар хабар доданд.

Тибқи низомнома дар рӯзи аввал варзишгарон дар вазнҳои -60кг, -66кг, -73кг миёни мардҳо ва -63кг, -70кг, -78кг, +78кг миёни бонувон сабқат мекунанд. Рӯзи дуюм бошад, мардҳо дар вазнҳои -81кг, -90кг, -100кг, +100кг ва бонувон дар вазнҳои -48кг, -52кг, -57кг гуштин мегиранд.

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 9 варзишгарро ба Красноярск сафарбар менамояд:

-73кг – Саидзода Иброхим
-73кг – Бозоров Бахтиер
-73кг – Сафаралиев Алижон
-73кг – Хоркашев Зикриоло
-100кг – Анварзода Эмомризо
-100кг – Раҳимов Исроил
-48кг – Карчиева Шукрона
-57кг – Гулбоева Фазилат
-63кг – Одинаева Мавлюда

Варзишгаронро дар ин сафар раиси Комиссияи доварони Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Зариф Назриев намояндагӣ мекунад.

Дар мусобиқа тақрибан иштироки ҳудуди 250 варзишгар аз кишвари мизбон, инчунин Беларус, Арманистон, Тоҷикистон, Эрон, Муғулистон ва ғайра дар назар аст. Ғолибону ҷоизадорон медали тиллои тоза қадрдони мегарданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE