Пешвози Ҷудокорони тоҷик дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе
Шаби 9 августи соли 2023 тими мунтахаби Ҷудои Тоҷикистон баъд аз иштирок дар мусобиқаи Hungary Masters 2023 ба шаҳри Душанбе баргашт. Дар ин бора аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе онҳоро намояндагони кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Федератсияи Ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков ва садҳо нафар наздикону дӯстон ва ҳаводорони ҷудо бо парчаму гулдастаҳо ва навои гарму бошукуҳ истиқбол намуданд.
Бояд зикр кард, ки дар мусобиқаи мазкур Беҳрузи Хоҷазода зери вазни то 73 кг мақоми дувумро ва Темур Раҳимов низ зери вазни +100 кг мақоми дувумро ба даст овард. Дар натиҷа, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни 58 кишвари иштироккунанда мақоми 11-умро соҳиб шуд, ки дар таърихи ҷудои кишвар, дастоварди бузургест.