КҲФ: Хатри омадни селҳо дар баъзе манотиқи кишвар боқӣ мемонад
Кумитаи ҳоалтҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 15-16-уми августи соли равон дар як қатор ноҳияҳои вилояти Суғд, навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ҳудуди ноҳияи Дарвози ВМКБ хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо вуҷуд дорад.
Дар ҳамин иртибот Кумита ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳамнгоми будубош дар соҳили обҳо қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд.
Сокинони навоҳи кӯҳистониву доманакӯҳҳо ҳангоми чорвочаронӣ дар наздикиои соҳили обҳо низ бояд вобаста ба вазъ эҳтиёт намоянд.
Кумита ҳамчунин аз аҳоли хоҳиш мекунад ба хотири пешгирӣ аз хатари селҳои эҳтимолӣ сар вақт ҷӯйборҳо, каналҳо ва селроҳаҳои минтақа ва макони зисти худро аз ҳар гуна хасу хаспораҳо тоза кунанд, то оби сел бемамониат ба як маҷрои бехатар ҷорӣ шавад.
Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳи қоидаҳои бехатарӣ, бахусус фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд.