МУНТАХАБИ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН (U-15) ДАР ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2023 ШИРКАТ МЕКУНАД

Дастаи нави наврасони Тоҷикистон (U-15), ки моҳи октябри соли оянда дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2025 ширкат мекунад, дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баромад мекунад. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Чемпионати CAFA-2023 байни дастаҳои наврасон (U-17) аз 20 то 27 август дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа дастаҳои наврасони панҷ кишвари минтақа – Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд. Далер Каёсов дастаи моро ба мусобиқаи дарпешистода омода менамояд.

Дар доираи чемпионати CAFA-2023 (U-17) 10 бозӣ баргузор мешавад. Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила сурат мегирад. Дастаи ғолиб аз рӯйи шумораи холҳо муайян карда мешавад.

 Чемпионати CAFA-2023 миёни наврасон (U-17)

 Иштирокчиён:

 ТОҶИКИСТОН

 Эрон

 Ӯзбекистон

 Афғонистон

 Қирғизистон

️ Даври 1

 20 август (якшанбе)

18:00 –  Қирғизистон –  Афғонистон

21:00 –  Ӯзбекистон –  Эрон

️ Даври 2

 21 август (душанбе)

18:00 –  Афғонистон –  ТОҶИКИСТОН

21:00 –  Қирғизистон –  Ӯзбекистон

️ Даври 3

 23 август (чоршанбе)

18:00 –  Эрон –  Афғонистон

21:00 –  ТОҶИКИСТОН –  Қирғизистон

️ Даври 4

 25 август (ҷумъа)

18:00 –  Эрон –  Қирғизистон

21:00 –  Ӯзбекистон –  ТОҶИКИСТОН

️ Даври 5

 27 август (якшанбе)

18:00 –  Афғонистон –  Ӯзбекистон

21:00 –  ТОҶИКИСТОН –  Эрон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE