«САРАЗМИ БОСТОН. ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ ВА НАВИН». Ин китоб бо теъдоди 1000 нусха ба нашр расид

Нашриёти «Ношир» ба муносибати 5500-солагии Саразми бостонӣ таҳти номи   «Саразми бостон. Панҷакенти қадим ва навин» кибоби навро  бо теъдоди 1000 нусха  ба нашр расонид. Китоби мазкур аз панҷ боб иборат буда, дар  он барои хонандагон    оид ба таърихи куҳани Панҷакенти қадим, қаҳрамонон ва бузургони ин сарзамин, ҳамчунин даврони навини тараққиёти шаҳр маълумоти муфассал пешниҳод гардидааст.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Мавриди зикр аст, ки дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон водии Зарафшон ба минтақаи инкишофёфта табдил ёфт, ки дар бораи иқтисодиёт, рӯзгори мардум, манзараҳои дилфиреб, инсонҳои барӯманд ва корхонаву муассисаҳои он дар ин китоб маводҳои зарурӣ мавҷуданд.

Китоб барои муҳаққиқон, таърихнигорон, умуман дӯстдорони таърихи халқ, омӯзгорон ва донишҷӯён, оммаи васеи хонандагон муфид мебошад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар сарсухани китоб таъкид кардааст, ки ташаббусҳои фарҳангсолоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амсоли таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии классики адабиёти ҷаҳон Камоли Хуҷандӣ, ки аз ҷониби созмони байналмилалии фарҳангии ЮНЕСКО хуш истиқбол гардиданд, заминаҳои муҳими сиёсӣ, илмию фарҳангӣ ва ташкиливу бунёдиеро ба вуҷуд оварданд, ки соли равон бо қарори ин ниҳоди бонуфузи ҷаҳонӣ ба таври шоиста таҷлил карда мешаванд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE