Мадрасаи Ойим- ёдгории таърихии меъмории асри XIX аз ҷониби ЮНЕСКО ба рӯйхати силсилаи ёдгориҳои таърихию меъмории ҳавзаи Сирдарё шомил гардидааст

Мадрасаи Ойим, ки нахустин маркази илмию таълимӣ барои занону духтарон дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ҳамчун ёдгории дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ба қайд гирифта шуда, соли 2015 аз ҷониби ЮНЕСКО ба рӯйхати силсилаи ёдгориҳои таърихию меъмории ҳавзаи Сирдарё шомил гардидааст. Дар ин хусус сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳангӣ дар ЮНЕСКО ва ИСЕСКО Мирзошариф Абдусаломов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

— Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ мадрасаи Ойим ёдгории таърихии меъмории чоряки якуми асри XIX ба ҳисоб меравад. Он дар сари роҳи қадими деҳаи Патари шаҳри Конибодом воқеъ гардида,  солҳои 1824 – 1825 сохта шудааст. Шогирди ин мадраса Қоринасиби Ҷамол соли 1825 сохта шудани онро тасдиқ намудааст.

Ин мадрасаро Мир Олим ном донишманде сохта, ба номи духтараш Бибиойим гузоштааст. Дарозии мадраса дар қисми шимолӣ 36.5 м, дар қисми ғарбӣ 35 м ва сатҳи дохилии он 17х20.5 метрро ташкил медиҳад. Мадраса аз 25 ҳуҷра иборат буда, ҳаҷми ҳар яке аз он 2.4-3 метр аст.

Бинои фарсудашудаи мадраса дар доираи чорабиниҳои ҳукумати Конибодом доир ба омодагӣ ба ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён аз нав сохта, ба истифода дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки ёдгории таърихию меъмории Мадрасаи Ойим бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи ёдгориҳои таърихию меъмории дорои мансубияти динии ИСЕСКО пешниҳод ва ворид шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE