МУНТАХАБИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН (U-23) ОМОДАГИРО БА МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ҶОМИ ОСИЁ-2024 ОҒОЗ КАРД
Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Душанбе ҷамъомади таълимиву тамриниро шуруъ кард, ки ҳадафи он омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 мебошад. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Мубин Эргашев сармураббии дастаи мунтахаби олимпии кишвар ба ҷамъомади тамринии Душанбе 27 бозигар – 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар даъват кардааст. Дархости ниҳоии даста барои ширкат дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 23 бозигарро дар бар хоҳад гирифт.
Бояд гуфт, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «I» бо дастаҳои Лаос (9 сентябр) ва Австралия (12 сентябр) рақобат мекунад. Бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.
Ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23):
Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Истиқлол»), Суҳробхӯҷа Юсупов (КМВА), Шаҳобиддин Маҳмудзода («Ҳосилот»);
Ҳимоятгарон: Манучеҳр Сафаров («Локомотив»-и Ӯзбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгуралӣ», Гурҷистон), Алиҷон Кароматуллозода, Содиқҷон Қурбонов (ҳарду аз «Истиқлол»), Раҳматшо Раҳматзода, Шаҳриёри Иноятулло (ҳарду аз «Равшан»), Исроил Холов (КМВА), Фирдавс Алиназаров («Хатлон»), Фахриддин Аҳтамов («Хуҷанд»), Ҷонибек Шарифов («Ҳосилот»);
Нимҳимоятгарон: Хусрав Тоиров («Шахтёр», Украина), Руслан Хайлоев («Зенит-2», Русия), Фатҳулло Олимзода («Атирау», Қазоқистон), Алишер Раҳимов («Амкал», Русия), Амадонӣ Камолов, Алиҷони Айнӣ (ҳарду аз «Истиқлол»), Масрур Қиёмиддинов («Равшан»), Азизбек Ҳайитов («Хуҷанд»), Алишер Шукуров («Куктош»), Шуҳрат Элмуродов («Регар-ТадАЗ»), Шоин Боев («Моҳир»);
Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Милсами», Молдова), Рустам Соиров («Локомотив», Ӯзбекистон), Далер Шарифов («Металлург», Ӯзбекистон).
Сармураббӣ – Мубин Эргашев.