Паҳлавони тоҷик ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ӯзбекистон
Устоди варзиши байналхалқӣ оид ба ҳунарҳои размии омехта — ММА Амирхон Атохонов дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вазни 61 кг иштирок намуда, дар сабқат бо ҳамвазни хеш- намояндаи Ҷумҳурии Қирғизистон дастболо шуда, ба дарёфти мақоми аввал ва медали тиллои мусобиқа шарафёб гардид.
Дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон иштирок намуданд. Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода Амирхон Атохоновро бо ин дастовардаш табрик намуда, ба ӯ сипоснома ва туҳфа тақдим намуд. Ҳамчунин мавсуф ба варзишгари ҷавон барои саҳми арзандааш дар рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавияти варзиш, иштироки фаъолона дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ арзи сипос намуда, изҳор намуд, ки варзишгарони Исфара минбаъд низ ба муваффақиятҳои беназир соҳиб мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Амирхон Атохонов дастпарвари мактаби варзишии шаҳри Исфара буда, дар мактаби варзишии рақами 3-и шаҳр ба ҳайси мураббии намуди муҳорибаи омехта фаъолият дорад. Мавсуф соли 2015 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаи омехтаи ММА сазовори ҷои аввал гардида, парчами Тоҷикистонро боло бардоштааст.